Командони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Ҷайҳун аз ду то се моҳ мешавад, ки музди меҳнати худро нагирифтаанд.
Муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва оёрии вилояти Хатлон Оятулло Умаров ба “Фараж” гуфт, қарзи музди меҳнат дар Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 60 ҳазор сомонӣ, Ёвон бештар аз 132 ҳазор сомонӣ ва Ҷайҳун 72 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад. “Дар маҷмуъ қарзи музди меҳнат аз ин се идораи зертобеъашон 265 ҳазору 618 сомонӣ аст”, – илвоа кард ӯ ва гуфт, ки кормандони ин идораҳо ду-се моҳ мешавад, музди меҳнаташонро нагирифтаанд.
Ба иттилои ин шахси масъул омили сарвиақт нагирифтани музди меҳнат дар идораҳои болозикр кам ҷамъоварӣ шудани маблағи ҳаққи оби истифодашуда, набудани постерминал ва дигар омилҳо будааст. “Масъулони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Ҷайҳунро зарур аст, ки ҷамъоварии маблағи обро ҷоннок ва қарзи музди меҳнати кормандонро баратарф кунанд”, – илова кард номбурда.
Ба гуфтаи Оятулло Умаров, қарзи музди меҳнат дар идораҳои мазкур то охири сол кам мешавад, аммо шояд бартараф нашавад.