Соли 2020-ум дар вилояти Хатлон ду шаҳру се ноҳия нақшаи қисми даромади буҷетро иҷро карда натавонистанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 29,2 миллион сомонӣ ворид карда нашуд.
Сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Соҳиб Раҷабов зимини нишасти хабарӣ иттилоъ дод, Бохтар , Хуросон, Панҷ, Ҷомӣ ва Левакант шаҳру ноҳияҳое ҳастанд, ки натавонистанд нақшаи андозро соли гузашта иҷро кунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон 189,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
– Дар соли гузашта бақияи қарзи андоз дар 15 шаҳру ноҳия 6,1 миллион сомонӣ кам карда шудаст, аммо, мутаассифона, дар 10 шаҳру ноҳияи дигар бақияи қарз 27,1 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, – илова кард ӯ.
Блоки рекламавӣ