19-ум майи дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 107 ҳазор нафар дар дави миллӣ ва зиёда аз 11 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок карданд.
Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор карда шуд.
Нахуст дар Боғи Парчами давлатии шаҳр варзишгарони вилоят намудҳои гуногуни варзишро намоиш доданд. Сипас муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин ба сухан баромада, иштирокдорони чорабинии мазкурро аз номи раиси вилоят таҳният гуфт.
Баъд аввал марафони волосипедронӣ оғоз гардид. Баъдан гурӯҳи чанд ҳазораи иштирокчиён аз майдони Исмоили Сомонӣ мусобиқаро оғоз бахшиданд.
Дар фарҷом ба ғолибон ва иштирокчиёни чорабини сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ дар сатҳи хуб баргузор гашт.
Тибқи иттилоъи масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 107 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок карда, зиёда аз 11 ҳазор нафари дигар дар марафон волосипедронӣ маҳорати худро санҷиданд.