Чанде пеш  вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон​ ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар ба оғози сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони милитсия​ санги асос гузоштанд.

Аз МИҲД- и шаҳри Бохтар гуфтанд, ки​ ​ сохтмони бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва дигар ошёнаҳо барои истиқомат намудани кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад.

Зимни гузоштани санги асос ба сохтмончиён барои ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ додан ва дар муҳлати муайянгардида ба итмом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон Вазири корҳои дохилӣ ва раиси вилоят аз қисми низомии 3503 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дидан намуда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон, аз он ҷумла, аз хобгоҳ (казарма), ошхона, ҳаммом ва дигар корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Дар рафти шиносои доир ба тарбияи сарбозон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус дода, пайваста ба машқу тамрин машғул шаванд ва касбу ҳунар омӯзанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь