Деҳқонон дар вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ҳоисли пиёз оғоз карда, аллакай 30 тонна пиёзро дар бозорҳои вилоят ба фурӯш бароварданд.
Деҳқонон имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар майдони 10 ҳазору 427 гектар кишти пиёз гузаронидаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 1 ҳазору 317 гектар бештар аст. Дар ин бора аз Сараёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар хоҷагии деҳқонии “Фарғона”-и ноҳияи Панҷ кишоварзон ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шурӯъ намуда, то рӯзи 7-уми апрел 30 тонна пиёз ғундошта, аз он 5 тонаашро ба шаҳри Кӯлоб фиристоданд. Ба гуфти масъулони ниҳоди мазкур, имсол дар ноҳияи Панҷ деҳқонон дар майдони 370 гектар пиёз кишт кардаанд.
Рӯзҳои охир бештар сокинон аз баланд шудани нархи пиёз дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон шиква мекарданд, зеро нархи як килогарми он аз 4 то 5 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ба иттилои расида аз Сараёсати кишоварзии вилояти Хатлон, мавсими пурраи ҷамъоварии пиёз дар вилояти Хатлон охири моҳи апрел оғоз шуда, деҳқонон онро бо нархи дастрас пешкаши харидорон хоҳанд кард.