Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз ҷониби раиси вилояти Хатлон як қатор ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” қадрдонӣ гардиданд.
Дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо мақсади қадрдонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир гардид. Дар ин ҳамоиш ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” омӯзгорон, кормандони касбу кори гуногун ва фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд. Раиси вилоят Қурбон
Ҳакимзода дар хусуси иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорони дар ин озмунҳо суханронии намуда, ғолибият онҳоро дастовард ва ифтихори аҳли вилоят номид.
Сипас маросими туҳфасупорӣ ба иштирокдорони озмунҳо доир гардид.