Дар се моҳи авали соли 2020-ум аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давалтии ноҳияҳои Панҷ, Носири Хусрав, Вахш, Шаҳритус ва Кӯшониён барои таъмири роҳҳои маҳалӣ, ки таъмиру нигоҳдории онҳо ба зимаашон гузошта шудааст, ягон сомонӣ маблағ ҷудо нашудааст.
– Барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аз ҳисоби маблағҳои буҷети 8 шаҳру ноҳия давоми се моҳи соли равон 307 ҳазору 366 сомонӣ маблағ ҷудо а шудааст, – гуфт сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Файзуллозода Насруллоҳ.
Сармуҳандиси идораи мазкур Музафар Холиқов қайд кард., ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №639 таъмири роҳҳои маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти маҳал вогузор карда шудааст, аммо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Кӯшониён барои таъмири роҳҳои маҳалӣ ҳато як сомонӣ ҷудо накардаанд.
Сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш Абдуқаҳор Улфатов зимни суҳбати телефони қайд кард, ки имсол барои таъмири рооҳҳои маҳаллӣ дар буҷети ноҳия маблағ пешбинӣ нашудааст.
– Соли гузашта 100 ҳазор ба нақша гирифта шуда буд ва беш аз 70 ҳазори он ҷудо гардид. Агар қисми даромади буҷет барзиёд иҷро шавад, мо барои таъмири роҳҳҳои маҳаллӣ ҳатман имсол низ маблағ ҷудо хоҳем кард, – гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки зимни суҳабт даҳҳо ронанда аз харобии роҳҳои маҳаллии ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш гила карда гуфтанд, ки аз сабаби харобии ҷодаҳо воситаҳои нақлиёт зуд-зуд таъмирталаб мешаванд.
Дар мувозинати Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар 1 ҳазору 980,7 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки 80 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд.