Дар вилояти Хатлон айни замон 41 муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар хонаҳои шахсӣ, вагон, мактаб, бошишгоҳҳои саҳроӣ, хирманҷой, масҷидҳо ҷойгир мебошанд.
Имрӯз, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт,ки чунин муасиссаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Мӯъминобод 2 адад, Кӯшониён, Балҷувон,Ховалинг, Дустӣ, Восеъ 3 ададӣ, Қубодиён, Панҷ, Ҳамадонӣ 5 ададӣ, Кӯлоб, Балхӣ 4 ададӣ ва Шамсиддин Шоҳин 1 адад мебошанд.
Манбаъ аз он нигаронӣ кард, ки чунин муасиссаҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббю санитарӣ ба аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Раҷабзода Мирзоалӣ хабар дод, ки бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон бунёди 566 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуданд, ки то охири соли 2020-ум 481 адади он сохта ба истифода дода шудааст.