– То имруз ба вилояти Хатлон 37 ҳазору 220 вояи воксини зиди бемории коронавирус ворид гардида, 36 ҳазору 200 вояашро ба аҳоли гузоридем, – гуфт сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода зимни нишасти хабарӣ.
Манбаъ афзуд, ки аз 36 ҳазору 200 нафаре, ки воксин гирифтаанд, 22 ҳазору 527 нафарашонро кормнадони соҳаи тандурустӣ ташкил медиҳанд.
– Ҳоло дар вилояти Хатлон се ташхисгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб ва Данғара фаъолият доранд ва рӯзҳои наздик бояд як ташхисгоҳи дигар дар ноҳияи Қубодиён ба кор шуруъ кунад, – илова кард ӯ.
Раҷабзода қайд кард, ки баҳри пешгирии бемории коронавирус, ки ҳоло тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, аз ҷониби сохторҳои марбута корҳои безараргародониву фаъмондадиҳӣ идома доранд, аммо аксари сокинони вилоят он тавсияҳое, ки аз ҷониби табибон дода мешаванд, риоя намекунанд.
– Хуб мешуд, ки сокинон моск банданд, масофаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кунанд, дастони худро бо маҳлулҳо безарар гардонад ва бе зарурат ба ҷойҳои серодам нараванд, – илова кард Мирзоалӣ Раҷабзода.