Соли 2020-ум 14 соҳибкори хатлонӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон барои  беасос баланд бардоштани нархи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимои зарурӣ, ки нархоҳяшон  таҳти танзими давлат қарор доранд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 25 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима шуданд. Дар ин бора роҳбари Раёсати мазкур Фирӯз Юсуфзода дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, чор нафар масъули дорухонаҳо, ки худсарона нархи доруҳоро баланд бардошта буданд,  ҷарима гардиданд

Намояндагони ВАО оид ба баланд шудани нархи маҳсулот аз ҷумла орд, равған, шакар, сузишворӣ ва дигар намуди маҳсулот суол кардаанд. Намояндагони ниҳоди мазкур дар посух омили баланд шудани нархҳоро болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи воридотӣ, маҳдудияти интиқоли он бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус, болоравии қурби асъори хориҷӣ, аз ҷумла додари ИМА, ва дигар омилҳо арзёбӣ карданд.

Аммо сокинон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар баробари баланд шудани нархи маҳсулоте, ки аз хориҷа ворид мешаванд, арзиши маҳсулоти дохилӣ низ бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь