Дирӯз дар вилояти Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд, ки дар он муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва намояндагони ВАО иштирок карданд.

Фируза Шарифӣ аз  таърихи матбуоти тоҷик сухан карда, дар бораи қаҳрамонии  даҳҳо журналист ҳарф зада, ҳамаи кормандони матбуотро ба рӯзи касбиаашон табрику муборакбод кард.

Дар ин рӯз, ҳамчунин, озмуни вилоятии “Нерӯи сухан” ҷамбаст гардид, ки дар он хабарнигори нашрияи «Фараж» Раҳмоналӣ Додархӯҷаев  дар номинаи беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ғолиби озмун дониста шуд. Додархӯҷаев да рӯзи таҷлили 110-солагии матбуоти тоҷик  бо нишони Аълочии матбуот сарфароз гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь