Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми дирӯз, 6-уми ноябр, барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Малайзия вориди Куала-Лумпур шуд.
Ҳайати даста иборат аз 18 бозигар ба Куала-Лумпур рафтанд. Дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар Шоҳрух Киргизбоев ва духтури даста Фаррух Авезов, ки дар Ҷоми ҷаҳонии 2019 дар Бразилия ширкат доштанд, ба даста дар Малайзия ҳамроҳ шуданд. Имрӯз, 7-уми ноябр, нимҳимоятгар Нуриддин Давронов (“Уммон”, Уммон) ва ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев (“Saif Sporting Club”, Банғола) ба макони будубоши дастаи мунтахабаи Тоҷикистон мераванд.
Боз се легионери дигар – ҳимоятгарон Хуршед Бекназаров (“PS TIRA”, Индонезия) ва Фарҳод Восиев (“Нефтехимик”, Русия), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Пловдив, Булғористон) барои ширкат дар бозиҳо бо Мянмар (14 ноябр, Мандалай) ва Қирғизистон (19 ноябр, Бишкек) даъват шудаанд. Онҳо бозии дӯстона бо Малайзияро аз даст хоҳанд дод, зеро ин бозӣ дар рӯзҳои муқарраркадаи FIFA баргузор намешавад. Бекназаров, Восиев ва Умарбоев рӯзи 11 ноябр ба ҳайати даста ҳамроҳ хоҳанд шуд.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон рӯзи шанбе, 9-уми ноябр, дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил дар Куала Лумпур баргузор мешавад ва соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (17:45 – Душанбе) оғоз меёбад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Киргизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);
Муҳофизаттгарон: Хуршед Бекназаров («PS TIRA», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Русия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);
Ҳуҷумкунандаҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Saif Sporting Club», Банғола), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе клуб).
Сармураббӣ: Усмон Тошев аст.