Клуби футболи «Истиқлол»и Душанбе барои бори ҳаштум дар таърихи худ Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 дастаи шаҳри Душанбе «Регар-ТадАЗ» -ро мағлуб кард.

Вақти асосии вохӯрӣ, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби 1: 1 анҷом ёфт. Дар ду қисми иловагӣ низ натиҷа тағйир наёфт. Дар задани зарбаи ҷаримавӣ, бахт ба ҷониби «Истиқлол» буд – 4: 2. Беҳтарин бозигари финал дарвозабони Душанбе Рустам Ятимов дониста шуд.

«Истиқлол» дар финал «Регар-ТадАЗ»-ро шикаст дода, бори ҳаштум ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардид. Қаблан, клуби Душанбе дар солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016 ва 2018 ғолиби ин Ҷом шуда буд.

Бояд қайд кард, ки ба туфайли ғалабаи «Истиқлол» дар Ҷоми Тоҷикистон, барандаи медали нуқраи чемпионат дастаи «Хуҷанд» ҳуқуқи намояндагӣ кардани Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2020 ба даст овардааст, ки шогирдони Виталий Левченко дар ин мусобиқа муборизаро аз даври плей-офф оғоз мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь