2-юми март дар Душанбе маросими қуръакашии Чепионтаи 31-уми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид. Маросими қуръакашӣ бо иштироки сармураббӣ ва капитани дастаҳо, мудирони варзишии бошгоҳҳо, сарпарастони мусобиқоти Лигаи олӣ ва намояндагони федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифт.
Тибқи иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон, мавсими нави мусобиқоти Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳарду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар) , «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) доир мегардад.
Манбаъ хабар медиҳад, ки пас аз сӣ соли баргузорӣ мусобиқоти имсолаи Лигаи олии кишвар бо тарҳи нав роҳандозӣ карда мешавад. Мусобиқа баъди як моҳ рӯзи дуюми апрел оғоз мегардад. Рақобатҳо дар ду марҳила доир мешаванд. Дар марҳилаи якум дастаҳо дар ду давр байни ҳам мубориза мебаранд. Дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда хоҳанд шуд. Имтиёзҳоеро, ки дастаҳо дар марҳилаи якум соҳиб мешаванд, дар ҳисобашон боқӣ мемонад.
Панҷ дастаи пештози марҳилаи якуми мусобиқа ба гурӯҳи “А” дохил карда шуда, барои ишғоли зинаҳои 1-ум то 5-ум дар як давр миёни ҳам рақобат мекунанд. Панҷ дастаи дигар шомили гурӯҳи “Б” гардида, дар як даври рақобатҳо барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ талош мекунанд. Ду даста аз ин гурӯҳ, ки зинаҳои охирро касб мекунанд, мусобиқоти Лигаи олиро тарк карда, аз мавсими дигар дар Лигаи якуми кишвар баромади худро идома медиҳанд.
Дар маҷмуъ ҳар даста дар ин мавсим 22 бозӣ анҷом хоҳад дод. Мувофиқи тақвим дар даври якум ҷадвали баргузории бозиҳо чунин хоҳад буд:
«Эсхата» – «Хуҷанд»
«Файзканд» – «Истаравшан»
«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб)
«Истиқлол» – КМВА
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Зафаробод)
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқоти Лигаи олӣ дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе мебошад. Ин даста имсол кишвари моро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё намояндагӣ мекунад.