Ҳафтаи оянда дар ҳаёти футболи кишвари мо чанд рӯйдоди муҳиме ба вуқӯъ хоҳад пайваст, ки муҳимтарини он бозии тақдирсози дастаи мунтахаби футболи кишвар бо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар доираи даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 аст.

Гуфта мешавад, ин вохӯрӣ, ки 19-уми ноябр дар Бишкек баргузор мешавад, аз ҷониби ҳайати доварон аз Қатар ҳакамӣ карда мешавад. Довари асосӣ реферии 32-солаи FIFA Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷасим аз Қатар аси. Вай дар чемпионати ҷаҳонии соли 2017 дар байни ҷавонон дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷоми Осиё-2019 дар АМА ва Ҷоми тиллоии CONCACAF-2019 таҷриба дорад. Илова бар ин, ин довар ҳамчун ёвари видеодовар дар Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар Русия кор кардааст.

Ёрдамчиёни Абдулраҳмон Ал-Ҷасим дар бозии Қирғизистон – Тоҷикистон ҳамватанони ӯ, ёварони реферии FIFA – Толиб Салим Ал-Маррӣ ва Сауд Аҳмад Ал-Маколаҳ мебошанд.

ФФТ хабар дод, ки дар ин вохӯрӣ муҳофизатгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Даврон Эргашев ширкат намекунад, зеро шумораи кортҳои зардаш афзудааст. Ӯ дар бозӣ бо Мянмар корти дуюми зардро дар ин мусобиқа гирифт. Пештар дар бозӣ бо Ҷопон низ довар ба ӯ корти зард нишон дода буд.

Ғолиби Ҷоми Осиё-2019 дастаи мунтахаби футболи Қатар рӯзи якшанбе, 17-уми ноябр, бо парвози чартерӣ аз Доха ба Душанбе меояд. Рӯзи сешанбе, 19 ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии даври шашуми марҳилаи дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунатахби Афғонистон дастаи Қатарро қабул мекунад. Ин бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки қаблан дастаи Афғонистон дар Душанбе ду бозии хонагии худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бар дастаҳои Банғола (1: 0) ва Ҳиндустон (1: 1) баргузор карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь