Ширкати Tcell ҳамаи меҳмонон ва ширкаткунандагон форуми байналмилалии иқтисодии «Суғд – водии имкониятҳоро» бо интернети баландсуръат таъмин кард. Ба шарофати ҳалли нав барои дастрасии фарохмаҷро дар маконҳое, ки чорабиниҳо дар доираи «EXPO SUGHD 2023» баргузор шуданд, шарикон аз дигар кишварҳо тавонистанд намоишҳои пахш ва иҷрои суханрониҳоро ба таври онлайн бубинанд.

Барои бомуваффақият гузаронидани форум Tcell канали интиқоли маълумотро ба иншооте, ки дар он форуми байналмилалии иқтисодӣ ва «EXPO SUGHD 2023» баргузор гардид, тартиб дод. Тарроҳӣ ва насби таҷҳизот дар муддати кӯтоҳ анҷом дода шуд. Ҳама сахтафзор ва нармафзори интихобшуда кори боэътимод ва устуворро нишон доданд.

Оператор муҳимиятро ба назар гирифта интернети фарохмаҷроро барои пахши бефосилаи форум дар чанд платформаҳои диҷитолӣ ба назар гирифт. Яке аз вазифаҳои калидие, ки дар доираи «EXPO SUGHD 2023» дар назди Tcell гузошта шудааст, формати нави ҳамкорӣ мебошад. Оператор ин чолишҳоро ба назар гирифта, ҳамаи сайтҳоро бо интернети баландсуръат таъмин намуд ва инчунин платформаи диҷитолро барои пахши онлайн таъмин кард.

Барои нахустин бор шарикони байналмиллалӣ аз кишварҳои Русия, Беларус, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Эрон ва Чин, ки натавонистаанд дар форуми байналмилалии иқтисодӣ ширкат кунанд, метавонанд бо ширкаткунандагон як ҷаласаи тавҷеҳии онлайн баргузор кунанд.

Барои Tcell муҳим аст, ки ба ҳамаи ширкаткунандагони форум алоқаи боэътимоди мобилӣ ва интернети баландсуръати мобилиро пешниҳод кунад. Оператор ҳамасола роҳҳалҳои нави диҷитолро барои таъмини алоқа барои ширкаткунандагон ва меҳмонони «EXPO SUGHD» муаррифӣ мекунад.

Ширкат дорои тамоми инфрасохтор ва салоҳиятҳои технологӣ барои татбиқи таҷрибаи бомуваффақияти лоиҳаҳои қаблан амалишуда ва татбиқи лоиҳаҳои шабеҳ дар саросари кишвар мебошад.

Зикри ин нукта зарур аст, ки «EXPO SUGHD» маконе аст, ки дар он коршиносони иртиботии Tcell метавонанд донишу малакаи худро дар таъмини дастрасӣ ба интернети баландсуръат нишон диҳанд.

Tcell шарики боэътимоди диҷитоли шумост.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь