20-23-юми сентябри соли 2017 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бори нахуст Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад.
Фестивал бо мақсади гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон шашмақом ва рушду тарғиби ин санъати воло бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Конибодом ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар фестивал гурӯҳҳои шашмақомсарои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд.
Дар доираи фестивал Ҳамоиши байналмилалии олимон ва ҳунармандони санъати шашмақом дар мавзӯи «Инкишофи санъати шашмақом дар давраи Истиқлолият» доир мегардад.
Блоки рекламавӣ