Рӯзҳои 30-31-уми май фестивали “Абрешим ва зиравориҳо”-и Бухоро хеле хубу хотирмон гузашт. То Тоқи саррофон дар растаҳои махсус аҳли ҳунар ва тоҷирон атласу адрас ва зиравориҳо, ҳамчунин маҳсулоти дигари худро ба мардум пешкаш карда буданд,

Шоми 31-уми май дар майдони васеъ ва орододашудаи Арки амир маросими пӯшидашавии ин фестивал баргузор гардид. Дар он ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарипов аз меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал ибрози сипозгузорӣ кард.

– Мо аз дидани шумо, меҳмонони зиёд, хабарнигорони расонаҳои гуногун хеле хушҳол шудем. Иштирокатон нуфуз ва шукӯҳи фестивали “Абрешим ва зиравориҳо”-ро хеле нусрат бахшид. Дар ин рӯзҳо ҳамаи шумо, бо вуҷуди гармои сахт, дар хубу гуворо гузаштани он саҳми калон гузоштед. Ҳоло ба шумо ҳунармандони театри вилоят ва овозхонҳо намоишномаҳо ва барномаҳои хоси худро пешкаши шумо хоҳанд кард ва тамошо кунеду баҳра баред, – гуфт Ботир Зарипов.

“Абрешим ва зиравориҳо” ҷашнвораи иҷтимоӣ-фарҳангист. Ин ҷашнвора ғайр аз он ки намоиши матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумлаи атласу адрасҳои пурҷилову рангорангро дар маърази тамошо ва фурӯш қарор дод, ҳамчунин меҳмонон тавонистанд аз намудҳои гуногуни зиравориҳоро низ тамошо кунанд.

Дар доираи ҷашнвораи мазкур  баромади дастаҳои ҳунарӣ, намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ, мусаввараҳо, бозиҳои гуногуни варзишӣ, намоиши мӯдҳои тарроҳону дизайнерони дохиливу хориҷӣ ва амсоли он  низ барномарезӣ шудаанд.

Дар як гӯшаи маҷмааи “Лаби ҳавз” шаби мақом низ баргузор гардид, ҳамзамон мардум аз консерти дастаи симфонии “Ӯзбекистон”, рақсу таронаҳои бачагона бархурдор шуданд.

Гуфта шуд, ки дар ҷашнвораи нӯздаҳуми “Абрешим ва зиравор” ҳудуди ҳазор нафар ҳунарманд ширкат хоҳанд кард, ки 30 нафари онҳо вакилони давлатҳои хориҷианд. Баргузории ин ҷашнвора мусоидат менамояд, ки Бухоро чун анъана дубора ба маркази туризми маҳалливу байналмилалӣ табдил ёбад, зро бар асари дунёгиршавии вируси куруно чанд муддат ташрифи теъдоди зиёди сайёҳон хориҷӣ ба ин шаҳри бостонӣ маҳдуд шуд ва ба ин васила туризм низ рушди ривоҷ хоҳад ёфт.

Инкишоф додани ҳунармандӣ ва тарғиби он дар миқёси байналмилалӣ аз ҳадафҳои дигари ин фестивал арзёбӣ гардид.

Маълум шуд, ки дар ин ҷашнвора ҳунармандони ҷумҳуриҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ширкат доранд ва дар ин замина байни ҳунармандон ҳамкориҳои доманфарох ба роҳ монда мешаванд.

Дар айни ҳол ҳунармандон маҳсулоти худро дар раставу пештахтаҳо чидаанд. Дар ин растаҳо намудҳои гуногуни матоъҳои атласу адраси маъруф ва машҳури соҳибкорони шаҳри Марғилони вилояти Фарғона, Намангон, қолиҳои абрешимии ҳунармандони самарқандӣ ва амсоли онро дидан мумкин аст.

Дар як тарафи раста мардум аз зиравориҳои гуногун харид мекунанд. Бешубҳа, ин ҷашнвораро бидуни ширкати зираворфурӯшҳои шаҳрҳои Самарқанд, Истаравшан, Бухоро, Фарғона ва Сурхондарё тасаввур наметавон кард.

Баъди ифтитоҳи маросими фестивал мардуми зиёд аз назди Арк ба самти Тоқи заргарон, Тоқи саррофон ва Тоқи телпакфурӯшон роҳпаймоӣ карданд. Дар тамоми ин роҳпаймоиҳо карнаю сурнай ва дафу доира садо медоданд.

Гузашта аз ин, дастаҳои гуногуни фолклорӣ рақсу суруд барпо карда буданд ва мардум гоҳ-гоҳ таваққуф намуда ин рақсу сурудро тамошо мекарданд ва ҳар кӣ хоста бошад, худро ба давраи раққосон мезаду мехиромид.

Дар чеҳраи ҳама шодиву суруд гул карда буд. Ба гуфтаи дастандаркорони фестивали абрешим ва зиравориҳои Бухоро ба сабаби гарм шудани ҳаво то шом танаффус эълон карда мешавад ва дар назди Арк як консарти калони овозхонҳои маъруф ва дастаи “Мавригӣ” тақдими мардум хоҳад шуд.

Бо вуҷуди гармии ҳаво одамони зиёд аз шаҳру деҳи атроф ба Бухоро мешитофтанд. Дар назди Лаби ҳавз аз субҳ то гашти пешин дастаҳои ҳунарии соири шаҳру вилоятҳои ин кишвар барномаҳои консертӣ намоиш доданд.

Фестивали абрешим ва зиравориҳои нӯздаҳуми Бухоро то 30 май идома хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Бухоро

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь