Бештари шахсиятҳои маъруф ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар Instagram, Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи расмӣ доранд ва обуначиёни онҳо теъдоди зиёдеро дар бар мегирад.
Дар ин саҳифаҳо аксу тарғибу анонс ва дигар чизҳои марбут ба соҳиби саҳифа гузошта мешавад ва хусусяти тиҷоратӣ ҳам доранд.
Аснои тамошои пахши мустақим дар Instagram ва ҳангоми шаҳр дар сомонаи You Tube сели танқиду таҳқир ва алфози қабеҳ ба унвон “ситораҳову ҳунармандони машҳур” ирсол мешавад.
Вақте хабарнигори farazh.tj саҳифаҳои ҳунармандону овозхонҳои хориҷиро аз назар гузаронд, дар онҳо бархе ҷиҳатҳои мусбатро вохӯрд.
Чанде пеш ситораҳои шинохтаи Болливуд Мадҳурӣ Диксит (@madhuridixitnene), Сайф Алӣ Хон (@actorsaifalikhan), Каҷол (@kajol) ва Алиа Бҳатт (@aliaabhat) дар саҳифаҳои расмии инстаграмашон ёддоштҳоеро ҳисса карданд, ки хусусяти тарғиби китбхониро дошт. Онҳо навиштаанд, ки дар қарантин бе зарурат аз хона набаромада, китоб хонанд.
Бо вуҷуди рушди ҳаррӯзаи васоити электронӣ қадри китобу рӯзнома дар ҳоли афзоиш аст.