Дар ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Фарғона баргузор шудааст, ҷонибҳо перомуни ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавии марзи се давлати ҳамҷаворро барраӣ кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки дар музокироти Фарғона намояндагони ҳукуматии се кишвар доир ба масъалаҳои марз музокира карданд ва дар анҷоми он ба протокол имзо гузоштанд. Бино ба иттилои ин манбаъ ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии се кишвар дар Қирғизистон баргузор мегардад.
Аммо дар иттилои дафтари матбуоти Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон нуқоти дигари ин музокирот гуфта нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз масъалаҳои ҳалношудаи марзии миёни се кишвар мавҷуданд.
– Мардуми мо намедонанд, ки нуқтаи охири хати марзи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона то куҷост, барои ҳамин бо ҳамсояҳои қирғизи худ дар ин маврид вориди баҳсу мунозираҳо мешаванд. Чунин ихтилофи назарҳо метавонад дар миёни сокинони минтақаҳои марзии Ӯзбекистону Қирғизистон дубора низоъҳоро ба бор оварад, – гуфт ба “мухбири “Фараж” таҳлилгари масоили минтақавӣ Камолиддин Азизов.
Вай афзуд, ки ҳанӯз баъзе минтақаҳои марзии миёни ду кишвар – Ӯзбекистон ва Қирғизистон, воқеъ дар ноҳияи Сӯх, аломатгузорӣ нашудаанд. Камолиддин Азизов мегӯяд, ҳатто дар баъзе минтақаҳо маълум нест, ки хати марзи ин ё он кишвар аз куҷо мегузарад.
– Хусусан, соҳиби чарогоҳҳои атрофи ноҳияи Сӯх, ки дар талу теппаҳо воқеъ гаштаанд, дақиқ карда нашудааст. Ин чарогоҳҳо гоҳ ба дасти қирғизҳо мегузаранд ва гоҳ мардуми Сӯх моли худро он ҷо мечаронанд. Гузашта аз ин, фарозу нишебиҳои кӯҳистони атрофи Сӯх гӯё танҳо моли қирғизҳо бошад, – иброз дошт Камолиддин Азизов.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари давлатии президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов ба Ӯзбекистон ва дидору гуфтугӯҳои ӯ бо Шавкат Мирзиёев масъалаҳои марзӣ баррасӣ гардиданд ва ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ин масъалаҳоро ҳайатҳои ҳукуматии ду кишварро зудтар ба анҷом мерасонанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд