Ба иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона, дар ноҳияи Сӯх ба сохтмони майдони ҳавоӣ шуруъ карданд. Ин майдон дар масоҳати чоруним ҳектор бунёд хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дарозии майдони ҳавоӣ 650 метрро ташкил мекунад ва арзи он 60 метр мебошад. Ин майдони ҳавоӣ дар ивази 12 миллиард сӯм сохта хоҳад шуд.

Тибқи нақша давраи ниҳоии сохтмони майдони ҳавоӣ то охири моҳи майи соли равон мадди назар гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” қарори вижа содир намудааст. Дар ин қарор сохтмони майдони ҳавоӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Интизор меравад, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ мусофирон тавассути ҳавопаймоҳои Ан-2, ки марбути ширкати ҳавонавардии «Humo AIR», ҳамчунин чархболҳои МИ-8-и Ҷамъияти саҳомии масъулияташ маҳдуди «Uzbekistan Helicopters» парвозҳои худро анҷом медиҳанд.

– Бо бунёди ин майдони ҳавоӣ ва ба роҳ мондани парвозҳо бо хатсайри Сӯх-Фарғона ва Фарғона-Сӯх мушкилоти мардум ҷиҳати равуо хеле аз байн хоҳад рафт. Зеро мардуми ноҳияи эксклави Сӯх рӯзмарра масофаи бештар аз сад километрро бо истифода аз марзи Қирғизистон тай мекунанд. Дар гузаргоҳҳои қирғиз баъзан соатҳо вақти онҳо беҳуда мегузарад. Гузашта аз ин, комситоиҳо ва таҳқири марзбонону гумрукчиён, нозирони роҳ мардуми Сӯхро ба дод овардааст,- мегӯяд ба мухбири “Фараж” журналисти маҳаллӣ Камолиддин Азизов.

Вай афзуд, баъзан зарурат пеш меояд, ки иддае аз беморон ба таври фаврӣ бояд аз бемористони маркази ноҳияи Сӯх ба бемористони маркази вилоят интиқол ёбанд. Аммо навбатпоиҳои бесарусомон ва дарозмуддат, ҳатто барои чанд муддат баста шудани роҳ ин мушкилотро дучанд месозад.

Маълум шуд, ки дар марҳалаи аввали баъди анҷоми сохтмони майдони ҳавоӣ рӯзона ду парвози ҳавопаймо ва чархбол анҷом дода хоҳад шуд. Аммо дар сурати зарурат ва омӯзиши эҳтиёҷи мардум теъдоди парвозҳо боз ба карат афзоиш хоҳанд ёфт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь