Бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе фардо, соати 10.00, дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор мегардад. Дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада, маҳорати таббохии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар доираи баргузории фестивали мазкур намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории Фестивал муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 пешниҳод намуд, ки Оши палав ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад.
Хурсандибахш аст, ки ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт шуданд.