Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон то соли 2026-ум бунёди 181 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 152 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.

Мудири бахши меъморӣ в шаҳрсозии ноҳияи мазкур Идибегзода Ҷурабег гуфт, ки  дар доираи ҷашни   35-солагии Истиклоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 181 иншооти ба нақшагирифта шуда,  30 иншоот дар соҳаи маориф, 15 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 2 иншоот дар соҳаи фарҳанг,  10 иншоот дар соҳаи  варзиш, 15 иншоот дар соҳаи кишоварзӣ, 3 иншоот дар соҳаи сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, таъмири роҳҳо, пулҳо ва дигар иншоот мебошад, ки то имрӯз 152 адади он сохта ба истифода дода шудааст.

Гуфта шуд, ки дар доираи эълон шудани солҳои 2022- 2026 “Солҳои рушди саноат” бунёди 28 корхона ва корҳонаҳои саноатӣ  мебошад.

Гуфта шуд, ки аз 17  корхона ва корхонаҳои саноатӣ, корхонаи коркарди пахта 2 адад, истеҳсоли собун 1 адад, корхонаи коркарди чигит ва равған 1 адад, сехи коркарди регу шағал 2 адад, хишти сабук (пеноблок) 1 адад, қанноди 1 адад, коркарди орд 5 адад, коркарди шоли 1 адад ва сехи коркарди меваю сабзавот барои хобондан сехи истеҳсоли хишти сементи, корхонаи кабули пахта, 1 сардхона ва 3 гармхона ба истифода дода шуд.

Мувофиқи нақшаи ҷашни 35 солагиии Истиқлоли давлатӣ дар соли 2023 дар ноҳияи Дӯстӣ 68 иншоот ба нақша гифта шудааст. То 30 ноября соли 2023 дар ноҳия 81 иншот ба истифода дода шуд, ки 119,1% нақшаи соли 2023-ро дар бар мегарад, – гуфт ӯ ва илова кард, ки дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь