Дар ноҳияи Дустӣ бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори комиссияи ҷамъиятии тақсимоти қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ  ба 74 ниёзманди ноҳия  қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд.

Тибқи иттилоъ ба 74 эҳтиёҷманди ҷамоатҳои шаҳраки “20-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҷиликӯл”, “Деҳқонобод”, “Нури Вахш” ва “Г. Гулмуродов”-и ноҳияи Дӯстӣ тариқи қуръакашӣ ба масоҳати  0.10 гектарӣ қитъаи замин дода шуд.

Қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси аризаҳои пешниҳодкардаи сокинон ба ҳама гуна қишри аҳолии ноҳия, аз қабили омӯзгорон, табибон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шаҳрвандони эҳтиёҷманд тақсим гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь