Шоми 30-юми апрел, баъди эълони тасдиқи вуҷуди вирус дар Тоҷикистон, дар телефонҳои мобилӣ ва месенҷерҳои паёмрасони сокинони кишвар, номае аз номи Вазорати корҳои дохилӣ омад.
Чанде аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз омадани ин паём хабар доданд. Сокинон низ дар сӯҳбати хабарнигори Farazh.tj омадани ин паёмро дар телефонҳояшон тасдиқ карданд.
Дар матни нома гуфта шудааст, ки “ВКД: аз пагоҳ сар карда, қоидаҳои нави иртибот пайдо мешаванд ва ҳамаи зангҳо ва сайтҳо сабт карда мешаванд”
– Эҳтиёт шавед, ки паёмҳои зиёдатӣ ва иттилоотиро хилофи қонунҳо ва ахлоқ фиристед, – зикр шудааст дар матни нома. – Ҳар он чизе ки шумо менависед, ё мегӯед, мумкин аст бар зидди шумо истифода шавад.
Коршиноси соҳа ва блогери тоҷик Рустам Гулов матни ин номаро кори дасти “хакер”-ҳо дониста, гуфтааст, ки “нафаре аз кадом сабаб бошад ким-кадом фейки кӯҳнаро гирифта,ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаааст”.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ низ номае бо чунин мазмун интишор накардааст.
Аз ин бармеояд, ки ин тарзи паёмрасонӣ кори дасти фиребгарон буда, аз ҷониби ҳеҷ мақомоте ба шаҳрвандон ирсол нашудааст.
– Ин амали дурӯғпардозон, барои боз ҳам ба воҳимаву ҳарос афтодани сокинон замина мегузорад, – навиштааст корбароне дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.
Қаблан ба ин монанд, номае аз тарафи “хакер”-они қаллоб ба истифодабарандагони Интернет равон гардида буд, ки дар он аз шаҳрвандон талаб мешуд, то аз тамошои маводи порнографӣ худдорӣ кунанд.