Як донишҷӯ дар шаҳри Душанбе, ки бо корд ба устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамла карда, ӯро захмӣ кардааст, боздошт шудааст.
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шудааст.
Номбурда, 28-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:30, дар ошёнаи 2-юми яке аз биноҳои таълимии Донишгоҳи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, ба декани факултети менеҷменти байналмилалӣ, марди 43-солаи сокини пойтахт ҳамла карда, бо корд як маротиба ба шикамаш задааст. Далели ин кори ӯ ноком шудан ва аз донишгоҳ хориҷ шуданаш гуфта мешавад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Расонаҳо ин устоди донишгоҳро Музаффар Имомназаров гуфтаанд, ки дар шуъбаи 5-уми Бемористоани маҳаллаи Қарияи Боло бистарӣ ва ҷарроҳӣ шудаасту вазъаш муътадил будааст.