Ба гуфтаи коршиносон соҳа дар Тоҷикистон то ба ҳол мушкилии журналистон гирифтани иттилоот аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ аст.
Аз ҷониби Институти Инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон оид ба”Ваъзи васоити ахбори омма дар Тоҷикистон”семинар баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла коршиносони соҳа вазъи ВАО дар кишварро баррасӣ намуданд.
Нуриддин Қаршибоев роҳбари НАНСМИТ иброз дошт, ки солҳост, ки ВАО ҳаққи ҳокимияти чорум будани худро аз даст додааст. Роҳбари НАНСМИТ аз он тассуф хурд, ки ВАО-и хусусӣ аз ҷониби дават дастгирӣ намеёбад. “ ВАО-и давлатӣ ба он хотир рушд мекунад, ик давлат онҳоро дастгирӣ менамояд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузрӣ давлат бояд ҳамаи ВАО-и кишварро дастгирӣ кунад. Лекин ВАО-и хусусиро зарур меояд, ки танҳо худаш хароҷоти худро пӯшонад”, қайд намуд ӯ.
Ҳамзамон, дар нишасти мазкур раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло аз мушкилии дастрасии иттилоот дар соҳаи журналитикаи имрӯза суханронӣ намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд намуд, ки: “Яке аз омилҳое, ки журналист ҳамчун манбаъ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебарад, ин надоштани дастрасӣ ба иттилоот аст. Ба даст овардани иттилоот барои журналистон душвор аст, чун гирифтани иттилоот аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ метавонад то дер боз идома ёбад”, иброз дошт ӯ.
Дар доираи чорабини мазкур ҳамзамон, аз вазъи бади кадрҳои имрӯзаи соҳаи журналистика сухан рафт, ки набудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа ин боиси поин бурдани сатҳи журналитикаи касбӣ дар кишвар шудааст.