Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи “ДЭУ-Лабо”, рақами қайди давлатиаш 47 97 ЕК02-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванд С.Н., соли таваллудаш 30.11.1969, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Чапаев қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 1340 адад дастгоҳи тиббии намуди “Дафина Алайф” истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд С.Н. тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як шахси ношинос харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ интиқол диҳад.

Ҳамин тавр шаҳрванд С.Н. бо ин кирдори худ ҳуқувайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81,82 ва 86-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мавсуф мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь