Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дирӯз аз Куала-Лумпур ба Манадалай рафт, то фардо бо дастаи мунтахаби Мянмар дар доираи вохӯриҳои интихоби Ҷоми ҷаҳон-2022 бозӣ кунад.
Легионерҳои даста муҳофизатгарон Фарҳод Восиев (“Нефтехимик”, Русия) ва Хуршед Бекназаров (“PS TIRA”, Индонезия), инчунин ниммуҳофизатгар Парвиз Умарбоев (“Локомотив”, Булғористон), ки бозии дӯстона бар дастаи Малайзияро аз даст додаанд, ба ҳайати даста дар ҳамин ҷо ҳамроҳ шуданд.
Шоми дирӯз, шогирдони Усмон Тошев баъди расидан ба Мандалай, дар майдони эҳтиётии «Mandalar Thiri Stadium» тамринҳои таълимӣ гузаронданд, ки асосан хусусияти барқарорсозӣ доштанд.
Ҳайати довароне, ки дар бозии даври панҷуми марҳилаи дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Мянмар ва Тоҷикистон хизмат мекунад, маълум шуданд.
Довари асосии ин бозӣ реферии FIFA Масъуд Туфайлӣ аз Сурия мебошад. Ба ӯ дар хатҳо ҳамватанонаш Муҳаммад Казаз ва Фадӣ Маҳмуд ёрӣ мерасонанд. Клиффорд Дайпуят аз Филиппин довари эҳтиётӣ таъйин шудааст. Доварҳоро Азими Абдуллоҳ аз Малайзия назорат мекунад ва комиссари бозӣ Ҷаясурия Дилан Руканта Де Силва аз Шри Ланка аст.