Имрӯз ходими маъруфи давлатӣ Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ аз дунё даргузашт.
Гуфта мешавад, номбурда чанд рӯзи охир бо мақсади табобат дар Туркия қарор дошт ва баъд аз ҷарроҳӣ дар ин кишвар аз дунё гузаштааст. Дар назар аст, ки ҷанозаи Миралиев фардо дар маркази ноҳияи Данғара ба хок супурда хоҳад шуд.
Амиршо Миралиев соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинградро (Русия) хатм кардааст.
Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1994 то 2000 мушовири Президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шуд.
Дар соли 2001 раиси ҳукумати вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин пураҳолитарин вилояти Тоҷикистонро роҳбарӣ кард. Соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъйин шуд. Дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тарафи Ҳизби халқии демократӣ дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайат муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.
Дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд. Баъди ҳамагӣ ду моҳи бознишастагӣ Миралиев ба ҳайси раиси Шурои мудирони «Соҳибкорбонк» баргашт ва ба мақоми раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон расид.