Дар доираи амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 аз 368 лоиҳа 170 лоиҳа ба маблағи 4,8 млрд сомонӣ, ё 56,5 дарсад, иҷро гардидааст. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки айни замон дар 86 лоиҳа корҳо идома доранд.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба вилоят 5 миллиону 930 ҳазор доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 70 дарсади онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Блоки рекламавӣ