Масъулони “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар вилояти Хатлонро зарур аст, ки дар ин сардиҳои сахти зимистон каме раҳми мусофирон, аз ҷумла кӯдаконро хуранд, зеро толор интизории мусофирон он қадар сард аст, ки ҳатто имкони дар курсиҳо нишастан нест.
Роҳравҳо аз барф тоза нашудаанду мардум ҳангоми ба толор баромадан меафтанд. Даҳо нафар мусофири қатори Қурғонтеппа -Кӯлоб зимни сӯҳбат гуфтанд, масъулони роҳҳои оҳани Бохтаро зарур аст, ки дар толори интизори мусофирон ҳади ақал ду гармкунак насб кунанд, то мусофирон, ба хусус кӯдакон, дар ин сардӣ бемор нашаванд.
Ҳамчунин, онҳо аз танг будани толор шикоят карда мегӯянд, толори интизорӣ чунон танг аст, ки аз набудани ҷой аксари мардум соатҳо дар берун интизори қатор мешаванд.
Блоки рекламавӣ