Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамъоварии ҳосили тутзаминӣ (клубник) дар ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок кард.

Тибқи маълумот, гармхонаҳои мазкур зери роҳбарии Аваззода Искандар дар масоҳати 1 гектар замин барои парвариши тутзаминӣ бунёд шудааст ва 1 моҳ мешавад, ки ҳосили онро ба бозор баровардаанд. Дар назар аст, ки аз 1 гектар замин то 15 тонна тутзаминӣ ҳосил рӯёнанд.

Ба иттилои деҳқонон соли равон истеҳсоли тутзаминӣ нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта хеле хуб арзёбӣ гардида, 1 килои он ҳоло 90 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои  густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхона ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь