Дар ноҳияи Кӯшониён дар арафаи соли нави хониш ва ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо мақсади дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кули ноҳия кӯмак карданд.
Аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд, ки бахшида ба “Рӯзи дониш” оғози соли нави хониш аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба 25 ятими кулл туҳфаҳои арзишванд, сарулибоси мактабӣ, пойафзол, либоси зимистона ва айёниятҳои хониш аз номи Пешвои муаззами миллат супорида шуданд. Ҳангоми суҳбати самимӣ роҳбарияти ноҳия тамоми кӯдакон ва наздикони онҳоро бо фарорасии соли нави хониш ва 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хушҳолӣ ва рӯзгори осоиштаро таманно намуданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки фарзандони азиз зери ғамхорӣ ва тавваҷуҳӣ доимии Пешвои муаззами миллат қарор доранд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯдакон миннатдории худро ба Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, ваъда доданд, ки бо ахлоқи ҳамида ва бо донишу заковати хеш саҳми худро дар пешрафти Ватани азизамон мегузоранд.