Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 891 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 381 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора Бунафша Раҳимзода, роҳбари Шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, дар нишаст хабар дод.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки аз шумораи ҷудошавии оилаҳо 1 ҳазору 591 ҳолаташ бо қарори суд бекор карда шуда, 2 ҳазору 212 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум мондаанд.

– 298 оилаи дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд ва 14 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудаст, – илова кард номбурда ва гуфт,ки пошхурии оилаҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Қубодиён, Кӯшониён, Ҷомӣ, Кӯлоб, Балхӣ, Панҷ ва ноҳияи Фархор ба қайд гирифта шудаст.

Бунафша Раҳимзода илова кард, ки баҳри пешгирии ҷудошавии  оилаҳо аз ҷониби кормандони Шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо бо дигар мақомотҳои миёни аҳолӣ  корҳои фаҳмонададиҳиро пурзӯр кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь