3-юми январ, роҳбарияти дастаи “Ал-Наср” Криштиану Роналдуро назди беш аз 30 ҳазор ҳаводори клуб муаррифӣ кард. Криштиану дар оғози равзанаи трансфери зимистона ба ин даста гузашта, шартномаи 2,5-сола ба имзо расонд. Маоши солонаи ӯ беш аз 200 млн евро буда, баландтарин музд миёни футболбозони ҷаҳон ба ҳисоб меравад .

Гуфта мешавад, ки сабаби асосии ба ин дастаи осиёӣ гузаштани Роналду, таваҷҷӯҳ накардани дастаҳои бузурги Аврупо ба футболбоз аст. Бозингар мехост дар Лигаи қаҳрамонҳо ҳунарнамоӣ кунад, вале ба ӯ мароқ зоҳир накарданд  ва “Ал-Наср” охирин роҳ барои ин футболбоз буд.

Роналду аз моҳи ноябр то инҷониб ба ягон даста мансуб набуд. Шартномаи ин футболбоз бо “Манчестер Юнайтед” баъди мусоҳибаи баҳсбарангези ӯ бо журналист Пирс Морган бекор карда шуд. Ӯ дар мусоҳибаи худ роҳбарият ва равиши кор дар дастаи “Манчестер Юнайтед”-ро сахт танқид кард.

Инчунин, дар моҳи декабр хабари ба “Реал Мадрид”, собиқ дастаи худ, рафтани Роналду низ паҳн шуда буд. Ба навиштаи сомонаҳои варзишии аврупоӣ баъди аз “МЮ” рафтан, Роналду писари худро ба академияи футболи дастаи “шоҳона” бурдааст. Маҳз, ҳамин чиз барои сомонаҳои варзишӣ дастак шуд, ки баргашти дуюмбораи футболбозро ба “Реал” тахмин зананд, вале даста ба ин хабарҳо вокуниш нишон надод. Баъдан, маълум шуд, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд.

Маҳз, беҳтарин давраи футболбозии Роналду дар “Реал Мадрид” гузаштааст. Ӯ солҳои 2009-2018 дар ин тим ҳунарнамоӣ карда, бо 450 гол дар 438 бозӣ, унвони беҳтарин нишонзани дастаро ба номаш мӯҳр задааст.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь