Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як ғоратгар бо лақаби «Мишел» дастгир шудааст. Бо чунин лақаб Азратқулов Мунъим Соҳибқулович баъди ғоратгариву зиндонӣ шудан ном баровардааст.

Ин нафар, соли таваллудаш 1978, зода ва сокини деҳаи Даштаки Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ҳангоми фирор ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир шудааст.

Мишел бо маслиҳати пешакӣ бо шарикаш шаҳрванд А.Ф. Гадомадов, зодаи шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хичордев, сокини кӯчаи Клагенфурт, хонаи 3/2 ҳуҷраи 51, дар шаҳри Душанбе бо истифода аз таппончаи тамғаи «Макаров» ба шаҳрванд Х.Қ. Давлатов таҳдид карда, аз ӯ 9 ҳазору 300 доллари ИМА ва 10 000 сомониро гирифтаанд.

М.С. Азратқулов қаблан барои содир намудани ғоратгарӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз ҷониби суди ноҳияи Никулинскийи шаҳри Москва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, дар муассисаи ислоҳии № 5 шаҳри Владимири вилояти Владимир ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудааст.

Номбурда айни ҳол ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь