Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошт шудани ду масъули Шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии РБДА ВКД хабар дод, ки бо 3800 сомонӣ пора ба даст афтодаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Муродализода Миралӣ Муродалӣ дар вазифаи муовини сардори Шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, барои омода кардани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “В” аз шаҳрванд “А” 3800 сомонӣ талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда баъди ба воситаи бозраси омодагии ҳарбӣ ва касбии шуъбачаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусов Усмоналӣ Ҳусанович ба сифати пора гирифтани маблағ боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шудааст.

Нисбати Муродализода М.М. бо моддаи 319, қисми 1 ва нисбати Юнусов У.Ҳ. бо моддаҳои 36, қисми 5 ва 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, ба суд ирсол карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь