13-уми март кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамроҳи фарзандони хеш ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварда, аз намоиши мероси нодири ниёгон таҳти унвони «Тоҷикистон– кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидан намуданд.
Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфта буд.
Блоки рекламавӣ