2-юми марти соли ҷорӣ ҳайати устодон ва донишҷуёни ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва донишҷуёни ихтисоси кори бонкии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” омаданд ва  бо рафти фаъолияту хизматрасониҳои бонкӣ ошно гардиданд.

Дар оғоз донишҷуён аз Департаменти хазинадорӣ ва Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ дидан намуда мутахассисони Бонк аз рафти хизматрасониҳои бонкӣ ба онҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.

Донишҷуён аз Осорхонаи Бонк низ дидан намуда, оиди таърих ва дастовардҳои Бонк дар тули фаъолияти бисёрсола маълумот гирифтанд.

Қайд гардид, ки Амонатбонк дар асоси Хазинаи амонатӣ – қарзӣ ташкил ёфта, фаъолияти   худро аз  соли  1885   оғоз  намудааст. Фаъолияти  Амонатбонк тӯли ин солҳо дар соҳаи бонкдории ҷумҳурӣ якчанд давраҳоро дар бар гирифта, соли 1992 дар заминаи Бонки ҷумҳуриявии амонатгузории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 1998  Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифт.

Сипас дар толори барҳавои Бонк Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. бо рунамо баромад намуда оиди фаъолият, хизматрасониҳо ва дастовардҳои Бонк ба ҳозирин маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки ба ҳолати имрӯза 75 филиал ва  546  адад марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқ ба аҳолии кишвар хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниход намуда истодаанд.

Оиди натиҷаи фаъолияти Бонк дар соли 2021 маълумот дода шуда қайд гардид, ки сармояи Бонк ба 575,5 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2020   25,7 % афзоиш ёфтааст. Фоидаи софи Бонк  66,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020   29,1% афзудааст. Бонк аз рӯи фаъолияти худ 110 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2020     13,7 млн. сомонӣ ва ё 14,2% зиёд мебошад. Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 72 ҳазор муштарӣ  1,4 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба соли 2020 шумораи қарзгирон 44% ва ҳаҷми қарздиҳӣ 34%  зиёд гардидааст. Дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла 43 млн. доллари ИМА-и бонкҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 5 млн. доллари ИМА-и ҶС «Ширкати суғуртаи содиротии «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон,  ба 27 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 16,1 млн. доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот қарзи бонкӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон оид ба хизматрасониҳои Амонатбонк дар самти       татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва хизматрасониҳои муосири бонкдории мобилӣ маълумотҳо пешниҳод гардид.

Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, Бонк 667 нуқтаҳои қабули маблағҳои коммуналӣ ва 358 нуқтаҳои қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 631 адад постерминалҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.

Барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”) низ, барои  пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ, бахусус барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар амалиётҳои бонкӣ ба таври ғайринақдӣ мусоидат намуда истодааст.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби донишҷуёни суолҳо оиди фаъолияти бонкдорӣ пешниҳод карда шуда ба онҳо посухҳои мушаххас гардонда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь