Муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ аз омодагии  муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар  ба соли нави таҳсил дидан кард.

Аз шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо мақсади омодагӣ  ба соли нави таҳсил аз фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар шинос шуд.

Муовини сарвазирро муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид , сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло ҳамроҳӣ карданд.

Зимни шиносоӣ ва сӯҳбат муовини сарвазир аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгорон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки давлату Ҳукумат ба ин соҳаи калидӣ ҳамеша таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Гуфта шуд, ки дар шаҳри Бохтар 46 муассиса дар соҳаи маориф фаъолият мекунанд, ки ҳамаи онҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, кумитаи падару модарон ва соҳибкорону шахсони саховатманд ба соли нави хониш пурра омода шудаанд.

Аз Раёсати  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки дар соли 2024 барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети шаҳр беш аз  2 миллиону 349  ҳазор сомонӣ ва суратҳисоби махсуси муассисаҳои соҳа 1 миллиону 231 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 100 дарсади маблағҳо пардохт шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь