Сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, чанд руз аст, ки аз камбуди об шикоят доранду аз масъулон сабаби беобиро фаҳмидан мехоҳанд.
Даҳҳо сокини шаҳри Бохтар дар саҳифаҳои фейсбукашон аз беобӣ шикоят карда, гуфтанд, ки чанд руз мешавад, об надоранд. Аз масъулони Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар талаб доранд, ки агар таъмир бошад, мардумроҳ огоҳ кунанд, то об захира кунанд.
Як манбаъ аз Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар ба “Фараж” иттилоъ дод, ки сабаби қатъ шудани интиқоли об ба сокинони баъзе аз маҳалаҳои шаҳр ин сар задани садама дар як қубури обгузар буд, ки дарҳол пурра барқарор шуда, дубора сокинон бо об таъмин гаштанд.
Гуфта шуд, ки аз 163 километр хатҳои оби нӯшокии Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар 60 дарсади онҳо таъмирталаб ҳастанд. Барои бартараф кардани ин мушкил аз ҷониби ҳукумати кишвар бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд марҳилаи дуюми “Лоиҳаи барқарорсозии хатҳои оби нӯшокӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар” бо харҷи 4,8 миллион доллари амрикоӣ оғоз шудааст.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар доираи ин лоиҳа ба ҷуз иваз шудани хатҳои об, ҳамчунин, бунёди як обанбор дар назар аст. Дар ин баробар, техникаҳои нав ворид шуда, ҳисобкунакҳои истифодаи об ба эҳтиёҷмандон ройгон дода мешавад.