Бо гузашти 7 рӯз аз барфи аввал то ҳанӯз роҳҳои пиёдагарди маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ташвишовар боқӣ мондаанду касеро парвое нест.

Даҳҳо сокини шаҳри Бохтар гуфтанд, барфи аввал нишон дод, ки масъулони шаҳри Бохтар ба зимистон омода нестанд, зеро онҳо натавонистанд дар муддати як ҳафта ҳади ақал роҳҳои пиёдагардро аз барф тоза карда, бехатарии гаштугузори сокинонро таъмин созанд.

Сулаймон Султонов, як корбари шабакаи Фейсбук дар саҳифааш аз вазъи бади  роҳҳои пиёдагарди шаҳр чунин навиштааст: “Шел, упал, очнулся – гипс… Ин аст хулосаи омода будани маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ба давраи зимистон. Ҳамаи роҳҳои пиёдагарди шаҳр ях бастаанд.”

Ӯ ҳатто чанд акс аз роҳҳои пиёдагард гузошта  навиштаст, ки роҳҳои пиёдагарди паҳлӯи ҳукумати шаҳри Бохтар, ҳамагӣ 200 метр дур аз утоқи кории раиси шаҳр, вазъи хароб доранд.

Гуфтаҳои сокиноро роҳбарияти КАТС-и шаҳр тасдиқ карда гуфтанд, дар ин  рӯзҳои сардӣ ба ин марказ 6 нафар, ки афтода устухонҳои баданашон шикастаанд, муроҷиат карданд.  Се нафари онҳо дар роҳҳои пиёдагард афтидаву осеби ҷиддӣ бардоштаанд.

Аз дигар беморхонаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ низ гуфтанд, ки шумораи сокиноне, ки дар роҳҳои пиёдагарди яхбаста афтода устухонҳояшон шикастааст, кам нестанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь