Дар назди мактаби рақами 6 шаҳри Бохтар сохтмони бинои иловагии мактаб барои наздик ба 1000 хонанда идома дорад, ки он соли 2023 ба истифода дода мешавад.

Директори мактаби рақами 6 Маҳмадалӣ Сафарализода гуфт, ки сохтмони мактаб дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат бо маблағгузории ҳукумати шаҳр бунёд мешавад.

Ин бинои иловагӣ дорои 24 синфхона ва дигар утоқҳои корӣ барои наздик ба 1000 хонанда дар ду баст мебошад, ки корҳои сохтмони дар он соли 2021 оғоз шуда, дар соли 2023 ба истифода дода мешавад.

Шуҳрат Бозорзода, сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи шаҳри Бохтар, иттилоъ дод, ки имсол барои сохтмони бинои иловагии мактаби 6  бештар аз 1,5  миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо шудаст.

Маҳамадалӣ Сафарализода, ҳамчунин, қайд кард, ки баъди ба истифода додани ин бино шароити дарсомӯзӣ барои беш аз 2,5 ҳазор хонанда, ки имрӯз дар ин мактаб таҳсил мекунанд, хуб хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь