Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ба сокинон ва намозгузорони масҷидҳо 15 ҳазор моски тиббиро ройгон тақсим кардааст.
Роҳбари маркази мазкур Шамсиддин Гулов гуфт, ки ба ҷуз тақсими моски ройгон, барои пешгирии бемории сироятии коронавирус масҷидҳо ва дигар муассисаҳо ройгон уфаунатзудоӣ шуданд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҷониби ин марказ 1014 санҷиш гузаронида шуда, 158 протокол нисбати афроде, ки қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намекарданд, тартиб додааанд. Нисбати 145 нафар парвандаҳои маъмурӣ кушода шуда, онҳо ба маблағи 24 ҳазору 112 сомонӣ ҷарима шудаанд.
– Дар ин давра барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ 151 иншоот муввақатан то ислоҳи камбудиҳояшон баста шудаанд, – илова кард ӯ.
Зикр карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар бозору мағозаҳо ва дигар иншоот 3 тоннаву 497 килограм маҳсулоти пастифат, ба маблағи 30 ҳазору 562 сомонӣ, аз муомилот гирифта шуданд.