Китоби нави омӯзгор Нозим Соҳибов бо номи “Боғиро” ба табъ расид. Қиссаи “Боғиро” аз нахустин асари бузургҳаҷми муаллиф мебошад. Китоб дар бораи сагча ва писараке, ки ин сагчаро парвариш кардааст, нақл мекунад.
Муаллиф дар ин асари худ кӯшидааст, то муносибати инсон бо табиат, ҳайвонот ва набототро дар мисоли қаҳрамонҳои асосии асари худ – Ҳорис, Гулафшон, Ҷамил, Ёрбек ва саги вафодори онҳо – Боғиро рӯи қоғаз биёрад. Қиссаи “Боғиро” барои доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
Китоби мазкур дар матбааи “Ношир” таҳти сарпарастии соҳибкор Ҷӯраев Хуршед ба нашр расидааст. Адади нашри китоб 100 дона буда он дар ҳаҷми 90 саҳифа омода гаштааст.
Нозим Соҳибов омӯзгори фанни таърих буда дар мактаби деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич ба хонандагон дарс мегӯяд. Дар баробари омӯзгорӣ муаллиф ба навиштани мақола, афсонаву қиссаҳо шавқу завқи зиёд дорад.