Мавзеи селроҳаи Чилдухтарон, ки дар даромадгоҳи деҳаи Зери Ҳисори Панҷакент аст ва роҳи гузари зиёраткунандагони оромгоҳи сардафтари адабиёти форсу тоҷик Рӯдакии оламшумул мебошад, солҳо харобу мушкилгузар шуда буд.

Ин селроҳа борҳо дар фаслҳои баҳору тирамоҳ бар асари омадани сел хароб гашта, гоҳе чанд рӯз гузаштани мошинро ғайримумкин мекард ва мардумони маҳаллӣ ва зиёраткунандагони мақбараи устод Рӯдакӣ ва сайёҳони хориҷӣ, ки ба тамошои табиати зебои диёр меомаданд, маҷбур буданд, онро пиёда гузаранд. Имрӯз бо ташаббуси яке аз фарзандони ин диёр Бобомулло Эсоеви панҷрӯдӣ корҳои ободонии ин селроҳа оғоз шудааст. Бобомулло Эсоев аз ҳисоби пасандози худ бо нияти хайр ба ин садақаи ҷория даст задааст. Ин марди сахӣ ҳукумати шаҳри Панҷакент, ҷамоатҳои Рӯдакӣ ва Ворӯро бо ният ва барномаи кораш ошно карда, иҷозат ва машварати онҳоро гирифтааст ва баъдан бо маслиҳати дӯстони наздикаш Очилдиев Кароматулло ва Ёдгоров Бозорбой кори хайрро оғоз намудааст.

Ба ин марди саховатпеша аз тамоми деҳаҳои ҷамоатҳои Рӯдакӣ ва Ворӯ, ҳамраъӣ баён карда, мардум гуфтаанд, ки онҳо омодаанд, дар рӯзи таъйиншуда дар сохтмони пули бузурги мошингузар саҳми худро гузоранд. Хайрандешону хайрпешагони дигар низ бархе бо пардохти пул ва баъзе бо расонидани васоили сохтмонӣ дар ин кори савоб саҳм гузоштаанд.

Кори хайре, ки Бобомулло Эсоев оғоз бахшиданд ва иншооллоҳ бомуваффақият анҷом меёбад, аз он назар ҳам қобили ситоиш аст, ки мардуми дигар, бахусус ҷавононро ба кори савоб ва хайр кардан барои ҳамаи мардум ҳидоят мекунанд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь