Президенти Сурия Башор Асад президенти ИМА Доналд Трампро беҳтарин президент дар таърихи ин кишвар номбар кард, зеро ӯ ҳадафҳояш – масалан, хоҳиши ғасби контроли сарчашмаҳои нафтро – ошкоро изҳор мекунад. Асад инро дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионии давлатии Сурия изҳор кард.
“Вай беҳтарин на аз рӯи сиёсатҳои хуб мебошад, балки нисбатан шаффоф аст. Ӯ мустақиман мегӯяд: “мо ба нафт ниёз дорем”, “мо мехоҳем, аз фалонӣ халос шавем”, “мо дар ивази пул хидматрасонӣ мекунем”. Ин сиёсати ИМА мебошад. Чӣ беҳтар аз душмании рӯирост буда метавонад?” – гуфт Асад.
Вай қайд кард, ки дар маҷмӯъ, президентҳои ИМА ҷинояткороне ҳастанд, ки баъзан ҷоизаи сулҳи Нобелро мегиранд, дар асл бошад танҳо фармудаи дастгоҳро иҷро мекунанд.
Блоки рекламавӣ