Нашриёти «ЭР-граф» асари нависандаи машҳури ҷопонӣ Рю Муракамиро зери унвони «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад» бо тарҷумаи тоҷикӣ аз чоп баровард ва пешкаши хонандагон гардонд.

Романи мазкурро Абдуғаффор Қурбонов, ки феълан ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон «Бонкдорӣ, тараққиёт, ҷаҳонишавӣ» фаъолият дорад, аз рӯсӣ тарҷума кардааст.

Тавре ки А. Қурбонов дар пешгуфтори асар мегӯяд, ба хондани асарҳои нависандагони ҷопонӣ, ки аллакай ба русӣ тарҷума шудаанд, шавқи зиёд дорад ва мехоҳад, то хонандаи тоҷикро ҳам аз осори бебаҳои адабиёти Ҷопон баҳравар гардонад. «То имрӯз ду китоби нависандагони маъруф ва барҷастаи адабиёти Ҷопон-Тэтсуо Миура ва Тэру Миамоторо тарҷума, нашр ва пешкаши хонандагони гиромии тоҷик гардонида будам.

Китоби навбатӣ – «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад» ба қалами яке нависандагони шуҳратёри ҷопонӣ – Рю Мураками, ки ҳамчун асосгузори ҷараёни нав дар адабиёти Ҷопон шинохта шудааст, тааллуқ дорад. Асар дар бораи фоҷиаи шахсӣ, фалокатҳои воқеӣ, талаби омӯрзиш, тарсу ҳароси доимӣ, хаёлоти дардовари ҳамқадами қаҳрамонҳо қисса мекунад, ки хеле пурҳаяҷон мебошанд».

Тарҷумони асар бо таассуф изҳор медорад, ки то имрӯз ягон асари ин нависандаи машҳур ва эҷодкори асарҳои нотакрори бадеии Ҷопон ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд ва яке сабабҳои ба ин амал даст заданаш ҳам пур кардани ҳамин холигӣ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь