Қатъи задухӯрдҳо дар Қаробоғ эҳёи ҳудудҳои озодшуда, инфрасохторҳо ва бозгашти гурезаҳои озарбойҷониро ба макони зисташон ба хатти аввал баровард. Дар тӯли беш аз 30 сол Озарбойҷон амалан мушкилоти ҷобаҷогузорӣ ва таъмини 1 миллион фирорӣ ва шахсони дорои қайди муваққатиро дар танҳоӣ бар уҳда дошт. Ва агар дар оғози солҳои 90-ум аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба ин тоифа кумаке расонда мешуд, пас дар охири садаи 20 аллакай ин ҳама ёрмандиҳо тамоман қатъ гардиданд.

Мусалламан, мавҷудияти ин миқдор гуреза аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намегардид ва чунин вонамуд мешуд, ки ин одамон умуман вуҷуд надоранд. Бешак, баъди он ки коркарди нафту гази дар ҳудуди Озарбойҷон тааллуқдоштаи баҳри Каспий шуруъ шуд, қисми зиёди воситаҳои бадастомада ба таъминот ва баровардани ниёзмандиҳои фирориён сарф мегардид.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев борҳо изҳор дошт, ки минтақаи Қаробоғ на танҳо ба яке аз минтақаҳои рушдёфтаи Озарбойҷон, балки тамоми Қафқози шимолӣ табдил меёбад.

Дар ин самт такяи асосӣ ба барқарорсозии шаҳру деҳоти валангоршуда, ҳамчунин, истифодаи технологияҳои муосири сабз нигаронида хоҳад шуд.

Айни ҳол ҷанг танҳо хотима ёфт, ҷараёни марҳила ба марҳилаи миначинӣ идома дорад, вале аллакай дар минтақа сохтмони иншооти муҳими инфрасохторӣ, бо шумули бунёди фурудгоҳ дар шаҳри Фузулӣ, бунёди роҳи стратегии Фузулӣ – Шуш, барқарорсозии роҳи оҳан ба самти марзи Арманистон бомаром идома дорад.

Ҳамаи ин талошу такопӯҳо гувоҳи он аст, ки Озарбойҷон на танҳо ният дорад, дар фурсати кӯтоҳтарин шаҳрҳои амалан аз рӯи замин нестшудаи Фузулӣ, Ҷабраил, Қубодли, Акдам, Зангаелон ва садҳо маҳаллаҳои аҳолинишинро барқарор созад, балки бо муҳайё сохтани шароитҳои мусоиди кору зиндагӣ тамоми чораҳоро баҳри ба ин ҷойҳо баргаштани гурезаҳо меандешад.

28 сол арманиҳо бо истилои худ минтақаи Қаробоғро тамоман ба мустамликаи Арманистон табдил дода, ба таври ваҳшиёна захираҳои табииро ба яғмо бурданд, ҷангалу манзилҳои зистро ба нестӣ расонданд ва обанборҳоро ифлос карданд.

Дар рафти сафари ба қарибӣ анҷомгирифтаи сардори  намояндагии ҳайати дипломатӣ ва атташеи ҳарбиёни дар Боку мустақаргардида ба навоҳии Зангелон ва Ҷабраил ба онҳо имкон фароҳам омад, то бо чашми худ бубинанд, ки арманиҳо дар ҳудуди Озарбойҷон ба чӣ ваҳшоният даст задаанд.

Амалиёти истилогарони арманӣ бешак филмҳои машҳури фантастикии амрикоӣ дар бораи ба Замин фуруд омадани одамони сайёраи дигарро ба хотир меорад, ки дар ин гуна филмҳо ҳадафи аслии қаҳрамонҳо маҳви ҳама гуна мавҷудот ва аз байн бурдани неъматҳои табиат мебошад, то ки аз пайи худ биёбони мурдаро боқӣ гузоранд.

Агар ба наворҳои гирифтаи Вазорати мудофиаи Озарбойҷон нигарем, он гаҳ ҳоҳем дид, ки дар бисёре аз ҳудудҳо ва маҳаллаҳои озодшуда тамоман дарахте боқӣ намондааст, ҳамаи онҳо якҷоя бо манзилҳои зист, қабристонҳо ва биноҳои ҷамъиятӣ бурида, сӯхта ва ба хоки сиёҳ яксон карда шудаанд.

Ин наворҳоро бо наворҳои дар замони шӯравӣ бардошташуда муқоиса намуда, метавон дид, ки то замони истило ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин ба куллӣ дар боғу гулгаштҳои сабзу хуррам ғарқ буданд, ки онҳоро биноҳои замонавӣ иҳота менамуданд.

Танҳо дар ҳамон ҷое, ки дар замони истило муҳоҷирони ғайриқонунии арманитабор дар Шуш, Лочин, Кебаҷар то ҳанӯз нишонаҳои боқимондаи рустаниву набототро дидан мумкин аст.

Гуфтан метавон, ки дар даврони истило ҷониби арманиҳо террори экологии воқеиро нисбат ба Озарбойҷон анҷом дод, бахусус ин террор ҳадафмандона ва дидаву дониста бо мақсади на танҳо маҳви табиат дар ҳудудҳои ғасбшуда, балки бо нияти вайрон намудани  муҳити экологӣ дар ҳудудҳои боқимондаи Озарбойҷон сурат гирифт.

Пӯшида нест, ки вақтҳои охир Озарбойҷон бо сабаби аз ҷониби арманиҳо баста шудани маҷрои об ба дарёи Тертер дар ҳудуди обанборҳои навоҳии Сарсанг ва Суговшанин ба норасоии захираҳои обӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар баробари ин, бо сабаби аз ҷониби Арманистон ба дарёи Араз рехтани партовҳои саноатӣ якбора сифати об хеле коҳиш ёфт, ки бешак ба саломатии шаҳрвандони Озарбойҷон ва маҳсулоти кишоварзии ин кишвар бетаъсир намонд.

Террори экологии Арманистон яғмогарии ваҳшиёнаи захираҳои табииро, аз қабили тиллову хоросанг ба бор овард, ки яқинан дар коркарди ин маъданҳо ба таври ғайриқонунӣ ширкатои швейтсарӣ, австралиягӣ, русӣ ва дигар мамлакатҳо даст дошта, ҳуқуқҳои иқтисодии байналхалқӣ ва қонунҳои Озарбойҷонро бе доштани иҷозатнома ва ризоияти ҳукуматдорони Озарбойҷон бедареғ поймол менамуданд.

Новобаста ба он ки чунин иҷозатномаҳоро ба онҳо ҷониби Арманистон додааст, аён аст, ки чунин худсариҳо тамоми қонунҳои байналхалқӣ ва қонунҳои ҷории ин кишварҳоро дағалона вайрон кардааст. Зеро ин давлатҳо Қаробоғро ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи Озарбойҷон эътироф кардаанд.

Дар фурсатҳои наздиктарин Ҳукумати Озарбойҷон тавассути судҳои ин давлатҳо ба ширкатҳои қонуншикан барои фаъолияти ғайриқонунияшон даъво пеш меоварад. Ғолибан мақомоти марбутаи ин мамлакатҳо низ аз ҷалби ин ширкатҳо ба ҷавобгарӣ барои фаъолияти ғайриқонунияшон дар канор нахоҳанд монд.

Муддатҳои мадиде Арманистон барои баровардани эҳтиёҷоташ аз Қарабоғи ғасбшуда неруи барқи арзонро дарёфт мекард. Ҳоло бошад, ағлаби неругоҳҳои барқӣ (30 аз 36) ба зери назорати Озарбойҷон гузаштанд.

Қабл аз тарки ин минтақа Арманистон ба неругоҳҳои мазкур зарари ҳангуфт расонд, вале дар фурсатҳои наздик ҳамаи онҳо барқарор карда мешаванд ва маҳаллаҳои аҳолинишини озодшударо бо неруи барқ таъмин менамоянд.

Мухолифати 30-солаи Қарабоғ ва истилои Арманистонро таҳлил намуда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки шуруъ аз буридани ҷангал дар Топкан аз соли 1988 то соли 2020 ҷониби Арманистон сиёсати террори экологиро бар зидди Озарбойҷон амалӣ намуд, ки зарари моддии он муайян карда хоҳад шуд.

Мутаассифона, созмонҳои байналхалқии экологӣ, инчунин, созмонҳои ғайриҳукуматии бонуфузе чун “Greenpeace” ба маҳви ҳудудҳои табиати ғасбшудаи Озарбойҷон чашм пӯшидаанд.

Гузашта аз ин, бо назардошти он ки саркардагони созмонҳои радикалии миллатпарасти арманӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҳамчун намояндагони ҳаракати экологӣ барои ҳифзи кӯли Севан (Гойча) ба амалиёт оғоз намуда буданд, метавон ҳадс зад, ки он вақт дар зери шиорҳои муҳитизистӣ пинҳон гардида, бо дурӯягии ба худ хос дар ниқоби “экологҳо” ба ғасби мусаллаҳонаи ҳудуди кишвари дигар омодагӣ мегирифтаанд.

Ҷониби Озарбойҷон борҳо ба миёнаравҳои байналхалқӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИА бо бо мақсади боздоштани террори экологӣ дар ҳудудҳои ғсбшудааш, ғорати захираҳои табиӣ, ифлоссозии обҳо, буридани ҷангалҳо муроҷиат намуда бошад ҳам, мутаассифона, ҳамаи ин бе эътибор боқӣ монд.

Ҳамакнун, фурсате фаро расида, ки ҷониби Арманистон ин ҳама зарари расондаашро ҷуброн намояд, зеро зарари мазкур на танҳо ба муҳити зисти минтақа, балки ба кулли сохтори экологии сайёраи Замин расидааст.

Гармшавии саросарии иқлим ва мушкилоти иқтисодии аз ин ҳолат бамиёномада бо маҳвсозии ҷангалзорҳо алоқамандии бевосита доранд. Аз ин рӯ, ҷониби Арманистон барои ин ҳама ҷиноёти экологии дар замони ғасби ҳудудҳои Озарбойҷон содирнамудааш комилан ҷавобгар аст ва бояд онро пурра ҷуброн намояд.

Бо назардошти он ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои экологӣ дар Аврупо ва Амрико дар Ҷанги дуюми Қарабоғ бо мавқеи арманипарастияшон махсус фарқ карда меистоданд, вале чаро аз ин дӯстдорони “ҳақиқат ва адолати таърихӣ” пурсида нашавад, ки вақте дӯстони армании шумо табиатро бедареғ маҳв намуда, ба ин васила, ба маҳаки ғояҳоятон зарба мезаданд, дар куҷо будед?

Баъди ба Озарбойҷон баргардонидани заминҳои ғасбшуда ба ҳудуди Қарабоғ соҳиби асосияш – халқи Озарбойҷон баргашт, ки бе шак созандагиву бунёдкориро бо фарқ аз яғмогарони нохонда, ки танҳо ғорат намуданду сӯзонданд, дар ин сарзамин ба роҳ хоҳад монд.

Новобаста ба ин ҳама, ҷониби Озарбойҷон омода аст, ки барои арманиҳо – шаҳрвандони Озарбойҷон ҳамаи шароитҳоро барои кору рӯзгори шоиста ва амни ҳамзистӣ муҳайё намуда, ҳамзамон имкониятҳоро баҳри истифодаи манфиатовари ифрасохторҳо ва захираҳои табииву иқтидорҳои иқтисодӣ фароҳам оварад.

Яқинан ақли солими аҳолии минтақаи Қаробоғи Озарбойҷон билохира бар равонпарешии сепаратизми миллатпарастона ғолиб меояд. Дар гузашта озарбойҷониҳо ва арманиҳо бе ягон мухолифат дар паҳлуи ҳамдигар аҳлона зистанд ва меҳнат карданд.

Сарчашмаҳои мухолифати Қаробоғ дар андешаи ботили доираҳои намояндагии миллатпарастони радикалии арманӣ нуҳуфта аст, ки мехоҳанд давлати афсонавии “Арманистони бузург” ро аз Баҳри Сиёҳ то баҳри Каспий бунёд намоянд. Албатта, ин ҳадаф ба ҳеҷ ваҷҳ дар ягон давру замон амалӣ нахоҳад шуд.

Қаробоғ ин қалби Озарбойҷон аст, халқи мо анқариб маҳвшудаҳоро эҳё менамояд, ҷангалзорҳои нав бунёд мекунад, манзилҳои нав месозад ва Қаробоғ дигарбора ба боғи сарсабзу хурраме табдил меёбад!!!

Парвин Мирзозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь